Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тошканд мурофиаи нави Гулнора Каримова оғоз шуд

Дар Тошканд мурофиаи нави Гулнора Каримова оғоз шуд

Дар шаҳри Тошканд мурофиаи Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов пушти дарҳои баста оғоз шуданд. Дар ин бора вакили дифои швейтсарии Каримова — Грегуар Манжа иттилоъ дод.

Худи он рӯз духтари Гулнора Каримова — Имон Каримова ба ҳукумати Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ӯзбекистон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин кишварро ифшо мекунад.

Каримоваи хурдӣ, ки дар шаҳри Лондон ба сар мебарад, 16 сентябр дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм мурофиаҳои додгоҳии модарашро ба «сиркбозӣ» монанд карда, гуфт, «дар Ӯзбекистон ба ҷуз аз изҳоротҳои сахту тағйироти косметикӣ пешравии дигаре дида намешавад».

Вале духтари Гулнора Каримова дақиқ нагуфтааст, ки дар ҳолатҳои коррупсионӣ кадом мансабдори ӯзбек даст дорад.

Вакили дифои швейтсарӣ Грегуар Манжа шоми 16 сентябр дар Твиттер навишт, ки шахси зери ҳимояи ӯро барои иштирок дар мурофиае аз додгоҳи ноҳияи Яшнобод ба самти номаълум бурданд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, духтари Гулнора Каримоваро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Ҳарчанд онҳо ду ҳафта пеш барои иштирок дархост карда буданд.

Бояд қайд кард, ки бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular