Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБадбинии шаҳрвандони Русия нисбати муҳоҷирони корӣ бештар шудааст (Видео)

Бадбинии шаҳрвандони Русия нисбати муҳоҷирони корӣ бештар шудааст (Видео)

Қариб 72 дар сади аҳолии Русия бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони он бояд теъдоди вуруди шаҳрвандони хориҷии барои пулкоркунӣ меомадаро маҳдуд созанд. Ду сол пеш ин нишондиҳанда  58 дар сад буд.

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, Маркази ҷомеашиносии “Левада-центр” дар натиҷаи як назарсанҷӣ инро муаян кардааст.

Танҳо 9 дар сади пурсидашудагон ҳар як даҳум нафари шарванди Русия ақидаи ба ин мухолиф доранд. Боз 15 дар сади онҳо ба сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорон таваҷҷуҳе надоранд.

Маълумоти назарсанҷӣ гувоҳи афзоиши шумори шаҳрвандонест, ки вуруди қувваи кории хориҷиро хуш надоранд. Ҳамин тариқ, моҳи июли соли 2017 – 58 дар сади русиягиҳо чунин ақида дошта, баъд аз як сол шумори онҳо ба 67 дар сад расидааст.

Ғайр аз ин, назарпурсӣ аз коҳиши шумори русиягиҳое шаҳодат медиҳад, ки мусоидат ба вуруди муҳоҷирони меҳнатиро ба кишвар муфид медонанд: соли гузашта 14 дар сади пурсидашудагон чунин назар доштанд.

Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки шумори шаҳрвандони бетаваҷҷуҳ ба сиёсати муҳоҷиратии ҳукуматдорон тайи ду соли охир ду баробар кам шудааст: моҳи июли соли 2017 сафи бетарафон 30 дар садро ташкил дода буд.

Ин назарсанҷии умумирусиягӣ рӯзҳои 22-28 августи соли 2019 байни 1608 нафар аҳолии синни аз 18-сола боло гузаронида шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular