Tuesday, October 21, 2025
ADS
HomeПаём нет176 млн –қарзи андоз дар Хатлон (Видео)

176 млн –қарзи андоз дар Хатлон (Видео)

Ҳаҷми қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба 176 миллиону 147 ҳазор сомонӣ расидааст, ки аз ин 116 миллионаш қарзи мушкилситон ҳисобида мешавад. 

Дар ин бора Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон хабар дода гуфтааст, дар вилоят 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 26 ҳазору 203 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ва зиёда аз 58 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.  Омили асосии зиёдшавии қарзи андоз дар иҷро накардани саривақтии уҳдадориҳои андозсупорандаҳо аст.

 Аз ҳама бештар қарздорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кулоб, Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара ва Фархор мавҷуд аст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ бар инанд, ки ба хотири ҳангуфт будани андоз ва номгӯи зиёд доштани намуди андозситонӣ соҳибкоронро маҷбур ба ин мекунад, ки роҳҳои гурез аз андозро ҷӯянд. Иддаи зиёде ба тафтишу санҷиши зиёд ва фасодкориҳои мақомоти андоз тоб оварда наметавонанд. Илова бар ин буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ домангири соҳибкорон аст. Бинобар беш аз пеш соҳибкоронро муфлисшавӣ ва ба қарз ғутидан таҳдид мекунад. 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?