Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстеҳсоли 2,7млн тон семент

Истеҳсоли 2,7млн тон семент

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон 2,7 миллион тонна сементи навъҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 1 миллион тонна семент содир гардидааст.

Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз воридкунандагони аслии сементи Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар соли ҷорӣ ин кишвар ба миқдори 635 ҳазор тонна семент ворид кардааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 379 ҳазор тонна ва Қирғизистон 50 ҳазор тонна семент содир кардааст.

Ниёзи Тоҷикистон ба семент солиёна то 3,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Феълан дар Тоҷикистон 14 корхонаи семетбарорӣ фаъолият карда ва дар як сол ба миқдори 5 миллион тонна семент истеҳсол мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular