Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИттиҳоми афсари пулис ба гирифтани $ 30 000 ришва

Иттиҳоми афсари пулис ба гирифтани $ 30 000 ришва

Маъмурони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як корманди Хадамоти муҳофизаи Вазорати умури дохилиро ба гирифтани 30 ҳазор доллар ришва муттаҳам карданд.

Мақомот мегӯянд, Анвар Саидов дастгир шудааст, вале назари пайвандон ва вакили ӯ ба ин қазия то ҳол дастрас нест.

Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ рӯзи 24-уми сентябр дар хабаре гуфт, Анвар Саидов ва шарикаш Болтухон Болтаев бар асоси шикояти як шаҳрванд моҳи август боздошт шудаанд. Даъвогар гуфтааст, ин ду нафар “барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуданаш 30 ҳазор доллар талаб кардаанд.”

Тасдиқи дурустии ин даъво аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Бо ин ҳол, зидди Анвар Саидов ва миёнарав Болтухон Болтаев бар асоси моддаи “гирифтани пора дар ҳаҷми калон” парванда кушодаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба онҳо ҷарима ё аз 7 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бори аввал нест, ки маъмурони пулис баъди гирифтани ришв ё ҷинояти дигар дастгир мешаванд, вале кам воқеъ мегардад, ки онҳо ҷазо гиранд. Маъмулан ин гурӯҳ баъди ҷиноят вазифаи баландтарро соҳиб мешаванд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори 20 кишвари фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular