Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти Одинаев: аз воридшавии САҲА ва созмонҳо ба қазия то даъвати тазоҳурот...

Боздошти Одинаев: аз воридшавии САҲА ва созмонҳо ба қазия то даъвати тазоҳурот назди сафорати Белорус

Фарҳод Одинаев фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва раҳбари собиқи телевизиони “Сафо”, дирӯз 25 сентябр зимни убури марзи Белорус бо Литва аз тарафи мақомоти Белорус боздошт гардид. Аз субҳи дирӯз то ҳол ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашмянии вилояти Гроднои Беларус нигоҳдорӣ мешавад. 

Одинаеви 42-сола бо ибтикори мақомоти Тоҷикистон дар листи ҷустуҷӯи дохилии ИДМ қарор доштааст, аммо гуфта мешавад шаҳрвандии Русияро дорад. Ҳамчунин, қаблан як телевизиони русӣ аз ошхонаи ӯ дар яке аз бозорҳои Маскав гузориш дода буд. 

Гуфта мешавад Одинаев барои суханрони дар нишасти САҲА ба Варшава мерафт ва қарор буд аз номи созмони “Муколамаи АвруОсиё” суханронӣ кунад. Раҳбари ин созмон Муҳаммадҷон Кабиров боздошти Одинаевро тасдиқ кард ва гуфт ин созмон ва чанд созмони ҳуқуқи башар низ вориди кор шудаанд, то монеъи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шаванд.

Тибқи гуфтаи Кабиров, масъулини пулиси ноҳияи Ашмяни гуфтаанд Одинаев барои 72 соат боздошт шудааст ва тақдири минбаъдааш аз додситонӣ вобаста аст. 

Шоми дирӯз Надежда Атаева, раҳбари созмони “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна” дар саҳифаи фейсбукиаш аз боздошти Фарҳод Одинаев хабар дод ва аз сомонҳои ҳуқуқи башар дар Белорус даъват кард ба ӯ кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд. 

Атаева Одинаевро фаъоли ҲНИТ муаррифӣ кардааст, аммо Шоҳнаими Карим, узви Раёсати олии ин ҳизб ба Паём гуфт, ки Фарҳод қаблан узви ҲНИТ буд, аммо соли 2014 аз он хориҷ шудааст. 

Дирӯз фаъолони тоҷик, ки дар нишасти САҲА ҳузур доранд, масъалаи боздошти Одинаевро бо масъулини ин созомн, ҳамчунин ҳайатҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳукумати Белорус матраҳ кардаанд. Масъулини САҲА ва дигар ҳайатҳо ваъда кардаанд, ки қазияро пайгирӣ хоҳанд кард. 

Убайдулло Саидӣ, яке аз фаъолони ширкаткунанда дар нишасти САҲА даъват кардааст имрӯз, 26 сентябр дар назди сафорати Белорус дар Варшава бо талаби озодсозии Фарҳод Одинаев ҷамъомади эътирозӣ ташкил шавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular