Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетФишори Трамп нисбат ба президенти Украина

Фишори Трамп нисбат ба президенти Украина

Палатаи намояндагони Конгресси ИМА таҳқиқи фаъолияти президент Доналд Трампро расман оғоз кард, ки эҳтимол дорад, бо изҳори нобоварӣ ё импичмент ба ӯ бианҷомад. Дар ин бора раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ рӯзи сешанбе иттилоъ дод. Нэнсӣ Пелосӣ Трампро дар робита ба суҳбати телефонияш бо президенти Украина Владимир Зеленский ба нақзи Конститутсияи ИМА айбдор кард. Як корманди хадамоти махсуси ИМА гуфтааст, Трамп дар ин суҳбат ба Зеленский фишор овардааст, ки дар Украина зидди номзади демократҳои Амрико ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2020 Ҷо Байден тафтишотро оғоз кунанд. Пелосӣ амали Трампро қонуншиканӣ номида, ба он бештар таваҷҷуҳ кард, ки чаро маъмурияти Трамп аз ироаи матни иттилои корманди хадамоти махсус ба Конгресс худдорӣ мекунад. Пештар ҳам Палатаи намояндагон ва ҳам Сенат, ки аз сӯи ҷумҳурихоҳон — ҷонибдорони Трамп идора мешавад, аз маъмурияти президент хостанд, ба қонунгузорҳо имкони шиносоӣ бо иттилоъро диҳад. Ба гуфтаи Пелосӣ, фаъолияти Трампро шаш кумитаи Палатаи намояндагон таҳқиқ мекунанд. Агар онҳо ба хулосае бирасанд, ки президент қонуншиканӣ кардааст, Палатаи намояндагон масъалаи изҳори нобоварӣ ба ӯро ба баррасӣ мегирад. Сипас онро бояд бештари конгрессменҳо ва аз се ду қисми сенаторҳо бояд ҷонибдорӣ кунанд. Дар таърихи ИМА Сенат боре тасмими изҳори нобоварӣ ба президентро ҷонибдорӣ накардааст. Танҳо соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди изҳори нобоварӣ аз мақомаш истеъфо дод. Трамп мегӯяд, дар суҳбати телефонии 25 июл ба Зеленский фишор наовардааст. Вай гуфт, рӯзи чоршанбе ҷузъиёти суҳбатро пурра нашр мекунад. Трамп қарор аст, имрӯз бо Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтугӯ кунад. Президенти ИМА дар Твиттер ба баромади Пелосӣ вокуниш нишон дода, иқдоми Палатаи намояндагонро «шикори ҷоду» номид.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?