Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаълумот дар бораи низоъи марзӣ махфӣ эълон шуд

Маълумот дар бораи низоъи марзӣ махфӣ эълон шуд

Бо қарори парлумони Қирғизистон – Жогорку Кенеш, ки дирӯз 26 сентябр қабул шуд, маълумот дар бораи низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон – ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд махфӣ эълон гардид.  

Тибқи иттилоъи хабаргузории вакилони парлумони Қирғизистон гуфтушунидҳо дар мавриди суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳадро  зери назорат мегиранд.

Жогорку Кенеш фаъолияти ҳукумат дар ин самтро дар умум қаноатбахш хондааст, аммо баъзе эродҳо ҳам аз тарафи вакилон садо додааст. Аъзои комиссюи таъйин ва аломатгузорӣ ваъда додаанд, ки эродҳоро ба инобат хоҳанд гирифт.

Дар охирин гуфтушунид, ки бани ду ҷониб рӯзи 18-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, доир гардид, ҷонибҳо ба ин созиш расиданд, ки бурҷи дидбонгоҳии Қирғизистон вайрон карда шуда, Тоҷикистон Тоҷикистон аз сохтани Гуфтанист, бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се низомии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Тоҷикистон панҷ низомии дигар ва занону ду кӯдак захмӣ шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон низ дар бораи 13 нафар захмӣ хабар дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular