Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико ба Арабистон сомонаи дифоъи ҳавоӣ ва 200 низомӣ ирсол мекунад

Амрико ба Арабистон сомонаи дифоъи ҳавоӣ ва 200 низомӣ ирсол мекунад

Сухангӯи вазорати дифъои  Амрико эълом кард ки кишвараш ба Арабистони саъудӣ 200 низомӣ ва сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот ирсол хоҳад кард.

Ҷонатан Ҳофман, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико эълом кард ки Вашингтон дар пайи ҳамалоти ахир ба таъсисоти нафтӣ, ба Арабистони саъудӣ 200 низомӣ ва сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот ба ин кишвар ирсол хоҳад кард.

Ҳофман бо интишори баёнияе эълом карда аст: Дар пайи ҳамалоти ахир ба Арабистони саъудӣ ва дархости онҳо (мақомоти Арабистони саъудӣ) Морк Аспер вазири дифоъ дастури ирсоли як сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот, чаҳор системаи радарӣ, дар худуди 200 низомӣ ба подшоҳии (саъудӣ)-ро содир кардааст.

Вай ҳадаф аз ирсоли ин таҷҳизотро тақвияти қудрати дифъои Арабистони саъудӣ эълон кардааст.  

Сухангуи вазорати дифоъи Амрико  ҳамчунин аз дастури Морк Аспер барои омодабошии нерӯҳои захира хабар дода, афзудааст: Тасмими мабнӣ барои эъзоми ин нерӯҳои тақвиятӣ гирифта шуда, аммо онҳо омодаи разм хоҳанд буд. Илова ба нерӯҳои тақвиятӣ, ду сомонаи Пэтриот ва як сомонаи дифъои ҳавоии бурди баланд низ омодаи ирсол хоҳад буд.

Ҳофман бо баёни ки кишварҳои дигар низ ба “фалокатҳо”-и эҷодшуда аз сӯи Эрон изъон доранд, хостори ҳимояти кишварҳои ҷаҳон аз Арабистони саъудӣ шудааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular