Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Якҷилва”-е, ки бо як ҷилва аз даст рафт

“Якҷилва”-е, ки бо як ҷилва аз даст рафт

Тақдими маъданҳои зеризаминӣ, кону манбаъҳо ба Чин торафт шакли ғоратгаронатар ба худ мегиранд. Агар қаблан дар коркарди конҳо ва истихроҷи маъодини зеризаминӣ манофеъи кишвар камтар ҳам бошад ба назар гирифта мешуд, ҳоло ҳукумат онҳоро чун мероси падраш бидуни ифшосозии шртҳо ва огоҳсозии мардум тақдим мекунад.

Қаблан коршиносон саҳми Чин дар корхонаи истеҳсоли тиллои “Зарафшон”-ро, ки 75 дарсад аст, ғоратгарона меномиданд. Баъдан ҳукумат ду кони тилло – Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи боло ва қисмати шарқии кони ангишти Зидеро ба ивази қарз ба ширкати чинии ТВЕА тақдим кард. Ин ширкат эълон крада буд, ки дар сурати қарзашро напӯшонидани тиллои ин ду кон, ҷониби Тоҷикистон омода аст конҳои дигарро дар ихтиёраш гузорад. Аммо баъди санҷишҳои геологӣ маълумот дар бораи ин конҳоро сирри тиҷорӣ эълон кард. 

Тибқи маълумоти гуногун, захираи тилло дар ин конҳо бамаротиб бештар аз қарзест, ки Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи гармии “Душанбе-2” назди ин ширкат дорад. 

Аммо дар ихтиёри ширкати чинии “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” гузоштани кони нуқраи “Якҷилва” гузашҳои қаблии ҳукумати Тоҷикистон назди ширкатҳои чиниро зери соя бурд. Ин кон на танҳо бидуни кадом ҳақ ё маблағе ба ширкати чинӣ тақдим гардид, балки ширкат аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ барои ҳафт сол ҳам озод шуд. Ҳукумат ҳеҷ шарҳе, ки чаро як кони бузурги нуқраро ба чиниҳо тӯҳфа кард, намедиҳад. Гузашта дар бораи ҳаҷми нуқра дар ин кон ба мардум дурӯғ гуфтааст. 

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки тарҳи эътои конро дар парлумон муаррифӣ мекард, захираи нуқра дар ин конро 113 тон гуфт. Аммо хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ин захираҳоро наздик ба 205 тонна хондааст. Фарқ байни ду маълумот қариб 100% аст. 

Аммо мақомоти Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рақами дигареро зикр кард, ки ду баробар бештар аз рақами ироакардаи сарраёсати геология аст: дар посух ба  вокуниш ба интиқоди мардум, мақомоти Бадахшон захираи нуқра дар кони “Якҷилва”-ро 415 тон гуфтаанд. Яъне Фаррух Ҳамрализода зимни муаррифии тарҳ дар парлумон захираи нуқраро 4 баробар камтар нишон додааст!

Худи ҳамин бандаи Худо замоне раҳбари Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамон замон дар бораи кони нуқраи “Якҷилва” гуфта буд, таркиби нуқра дар он бамаротиб аз “Кони калони Мансур” – бузургтарин кони нуқра дар Осиёи Миёна бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, таркиби миёнаи нуқра дар ҳар тонна санги маъдан 640 граммро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ҳамин таркиб дар “Кони калони Мансур” ба 50 грамм дар як тонна баробар аст.

Ҳамрализода на танҳо дар ҳаҷми захира дурӯғ гуфт. Вақте Шукурҷон Зуҳуров, раиси маҷлиси намояндагон аз ӯ пурсид, ки аз додани ин кон ба чиниҳо кишвар чӣ нафъ мебардорад, ӯ гуфт Тоҷикистон аз ин ширкат танҳо андоз мегирад. Ин ҳам дарҳоле, ки зимни муаррифии созишнома гуфта буд ширкати чинӣ барои 7 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод гардидааст. 

Ҳоло танҳо мешавад тахмин зад, ки чаро ҳукумат ба чиниҳо на танҳо 415 тон нуқраро тӯҳфа кардааст, балки онҳоро аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ҳам озод сохтааст. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, ки нахост номаш зикр шавад, ин “тӯҳфаи ҳотамона”-и ҳукумат чанд сабаб дошта метавонад:

1. Ин конро ба ширкати чинӣ ғайрирасмӣ фурӯхтаанд. Яъне пули он ба офшор рафта, кон дар ихтиёрӣ чиниҳо қарор гирифтааст;

2. Ба ҷуз қарзҳои расмӣ, ҳукумат барои пур кардани буҷа, баргардонидани қарзу фоизҳои онҳо, таъмини мақомоти амниятӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва ғайра қарзҳои ғайрирасмӣ мегирад. Ин қарзҳо дар ягон ҳуҷҷати расмии интишоршаванда дарҷ намегарданд ва додугирифти он махфӣ сурат мегирад. Имкон дорад, ки ин кон ба ивази як чунин қарзе дода шудаас;

3. Имкон дорад ин кон ба ивази сохтмони маҷмаъаи парлумонӣ дода шудааст

Ҳоло бигзарем аз дурӯғҳои Ҳамрализода. 63 вакили парлумон, ки худро “вакили мардумӣ” ҳам медонанд дар ҷаласа нишаста сафсатаҳои раиси Сарраёсати геологияро гӯш карданд ва яке ҷуръат накард пурсад, ки чаро ин кон ба чиниҳо дода мешавад. 

Зоҳиран қабл аз шурӯъи ҷаласа Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки “фармон аз болост” ва вакилон ба он бечунучаро итоат карданд.

“Якҷилва”, ки 415 тонна нуқра дорад бо як “фармони боло”, як ҷилваи Ҳамрализода ва як хиёнати дигари “вакилони мардумӣ” барои ҳамеша аз дасти мардуми кишвар рафт. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular