Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетАнгурпарвари маъруф Камол Мадумаров даргузашт

Ангурпарвари маъруф Камол Мадумаров даргузашт

Камол Мадумаров, ангурпарвари шинохтаи кишвар, ки боғи ангураш яке аз асоситарин манобеъи ифтихори раисҷумҳури Тоҷикистон буд субҳи имрӯз, 4 октябр дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Боғи ангури Мадумаров ҳамеша чун дастоварди Тоҷикистон ба меҳмонони хориҷӣ, ҳатто раисҷумҳурҳо намоиш дода мешуд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни хориҷиашро ба ин боғ мебурд ва бо ифтихор онро тамошо медод.

Бори охир сафари меҳмононе, ки ба маъракаи ифтитоҳи чархаи дуввуми Роғун ба Тоҷикистон омада буданд, ба ин боғ расонаӣ шуд. 

Бинобар танҳо ба ин боғ бурдани меҳмонони хориҷӣ, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро “дастоварди асосии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият” унвон карда буданд 

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷуҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо писари калонии марҳум телефонӣ дар тамос шуда, “бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил” хостааст. 

Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба мусибати шаҳрвандони кишвараш аз нодиртарин падидаҳоест, ки бисёр кам дида мешавад.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур ҳамчунин навиштааст “Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?