Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГурӯҳи номаълум хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро тарконд

Гурӯҳи номаълум хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро тарконд

Аъзои гурӯҳи алҳол номаълуми мусаллаҳ дар ағбаи Саланг пойгоҳи хати интиқоли барқро тарконда,  интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба пойтахти Афғонистонро қатъ карданд. 

Тавре хабаргузории афғонии иттилоъ медиҳад, субҳи чоршанбе ҷангиёни номаълум дастгоҳи таркандаро дар паҳлӯи пойгоҳ ба кор даровардаанд.

Ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat хабар медиҳад, ки таркиш ба пойгоҳи хати барқи 220 кВ осеб расонида, ҷараёни таъмини Кобул ва дигар вилоятҳоро бо нерӯи барқ халаладор сохт. Айни замон корҳои таъмирӣ ҷиҳати барқарор кардани интиқоли барқ тавассути ин хат ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти , тариқи ин хат аз Тоҷикистон ба вилоятҳои марказӣ ва ҷанубии Афғонистон барқ интиқол дода мешуд.

Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳо то ҳол масъулияти ин амалро бар дӯш нагирифтааст.

Моҳи августи соли равон Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 тариқи ду хат (220 кВ ва 110 кВ) ба Афғонистон 270 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.

Мувофиқи қарордоди миёни ширкатҳои энергетикии ду кишвар баимзорасида, соли равон ҳаҷми умумии содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод. Барои як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон кишвари ҳамсоя 4,1 сент маблағ пардохт мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular