Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетХБА аз болоравии қимати барқ дар Тоҷикистон истиқбол кард

ХБА аз болоравии қимати барқ дар Тоҷикистон истиқбол кард

Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор аз болравии нархи барқ дар Тоҷикистон истиқбол кардааст. 

Як ҳайат бо намояндагӣ аз ин институти байналмилалии иқтисодӣ таҳти роҳбарии Падамҷа Ҳанделвал тайи 10 рӯз, аз 23 сентябр то 4 октябр  дар Тоҷикистон мониторинг гузаронидаанд.

Тавре  маркази матбуотии Фонди мониторинги байналмилалӣ навиштааст, тибқи хулосаи Хазинаи байналмилалии асъор  “Ислоҳот дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, аз ҷумла болобарии нархи барқ барои мизоҷон боис шудааст, ки талафот дар ин бахш коҳиш ёбад.

Хазинаи байналмилалии асъор  таъкид намудааст, ки сарфи назар аз камбудиҳо дар бахши молияи Тоҷикистон,  рушди макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шудааст.

Коршиносони  Хазинаи байналмилалии асъор  инчунин тавсия додаанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои таъмини устувории буҷа, озодии қурби асъор ҳангоми мубодила ва беҳбуди амалиёт дар бозори пулӣ, ислоҳоти низоми молиявӣ ва эҳёи эътимоди мардум ба бонкҳо чораандешӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори Ҳукумати кишвар аз 1 сентябри соли равон аҳолии кишвар барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи 19,37 дирами қаблӣ, 22,66 дирам маблағ пардохт мекунанд. Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи истифодабарандагони барқ, ба истиснои корхонаи “Талко” боло рафт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?