Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетФурӯши автомобил дар Тоҷикистон 5 баробар камтар шудааст

Фурӯши автомобил дар Тоҷикистон 5 баробар камтар шудааст

Дар Тоҷикистон аз аввали соли воридоти васоити нақлиёт 8,4% афзоиш ёфтааст, аммо фурӯши автомобилҳо дар дохили кишвар 5 баробар камтар аст.

Тибқи иттилоъи Авеста о истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, мизони воридоти васоити нақлиёт ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ $213,8 млн.ро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,4% бештар аст. 

Дар ҳамин ҳол мизони фурӯши мошин дар дохили ҷумҳурӣ дар ҳамин давра ба 409,4 млн. сомонӣ ($42,2 млн.) баробар будааст, ки 5 баробар камтар аз мизони воридот аст.. Новобаста аз афзоиши воридоти васоити нақлиёт, фурӯшандаҳо таъкид мекунанд, ки талабот дар бозори дохилӣ заъиф боқӣ мемонад. Зоҳиран афзоиши воридот бастагӣ ба воридоти мошинҳои сабукрав барои мусофиркашонӣ (токси) ва мошинҳои боркаш барои амалисозии пружаҳои сармоягузоришуда дорад. 

Дар кишвар, аз ҷумла дар пойтахт солҳои охир ширкатҳои нақлиётии зиёде пайдо шудаанд, ки ба муофиркашонии токси машғуланд. Ин падида дар шаҳрҳои дигари ҷумҳури ҳам торафт рушд мекунад. 

Қаблан ба Тоҷикистон асосан мошинҳои кӯҳна ворид мешуданд, ки қиматашон бамаротиб камтар аз мошинҳои нав аст. Мошинҳои сабукрав асосан аз кишварҳои соҳии Балтик, Аврупо ва Осиё ворид карда мешаванд. Дар бозори мошинҳои боркашон бошад, истеҳсолкунандаҳои чинӣ ҳарфи аввалро мезананд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?