Амалиёти Туркия дар шимоли Сурия интиқодҳо ба хурӯҷи нерӯҳои амрикоиро ташдид кардааст. Дар вокуниш ба ин интиқодҳо, давлати Трамп се вазири Туркияро таҳрим кардааст. Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ин иқдомотро нокофӣ медонад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар аз нобудии иқтисоди Туркия дар сурати идомаи амалиёти низомӣ дар Сурия сухан гуфтааст. Дар ҳамин робита, муҷозотҳои алайҳи вазири дифоъ ва ду вазири дигари Туркия пешбинӣ шудааст. Афзун бар он, Амрико таҳдид карда ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ бо Туркияро маҳдуд карда ва бар воридоти фӯлод аз Туркия боҷҳои гумрукии сангине вазъ мекунад.
Хабаргузории Фаронса рӯзи сешанбе 15 октябр бо интишори гузорише аз Вашингтон хабар аз таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Туркия додааст. Трамп дар тамоси телефонии худ бо Урдуғон аз ӯ хостааст бидуни диранг ба ҳамалоти худ дар Сурия алайҳи курдҳо поён диҳад.
Муфассири сайт “Шпигел-онлайн” дар иртибот бо таҳрими иқтисодии Туркия аз сӯи давлати Амрико навиштааст: Трамп ибтидо иқдом ба оташафрӯзӣ кард ва акнун дар мақоми оташнишон по ба майдон ниҳодааст.
Муҷозотҳои пешбинӣ шуда
Хабаргузории Фаронса дар идомаи гузориши худ навиштааст, ки Трамп Туркияро, ки муттаҳиди Амрико дар НАТО аст, муттаҳам ба ҳамла ба шаҳрвандони ғайринизомӣ карда ва эълом кардааст, ки Туркия бо амалиёти низомии худ дар шимоли Сурия ба ифротгароёни узви Доъиш иҷоза дода то аз зиндонҳо бигурезанд.
Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Туркия шомили вазири дифоъ, вазири кишвар ва ҳамчунин вазири энерҷии он кишвар мешавад. Дороиҳои ин се вазир дар Амрико масдуд мешавад ва ширкатҳои амрикоӣ аз анҷоми муомила бо онҳо манъ шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

