Муҳаммад Идизода, роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳро бо гумони гирифтани ришва кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа боздошт кардаанд.
Наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ки Идизода бегуноҳ ва ӯро туҳмат кардаанд, аммо аз Оҷонсии зидди фасод гуфтаанд, роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст.
Шоҳидони амалиёти боздошти Муҳаммад Идизода ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо тундӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта, дар оғози он чанд нафар аз кормандони дастгоҳ ва корафтодагоне, ки ба идораи ҳокимияти ноҳия омада буданд, боздошт шудаанд. Аммо, танҳо худи Идизодаро ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бурдаанд ва дигаронро баъди бозпурсӣ озод кардаанд.
Тибқи баъзе маълумотҳо Муҳаммад Идизода ҳангоми гирифтани 25 000 сомонӣ пора боздошт шудааст.
Радиои озодӣ менависад, ин дувумин мавриди боздошти мансабдорони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як соли охир аст. Се моҳ пеш мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ин ноҳия бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

