Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе омодаи тақвияти муносибот бо Чин аст

Душанбе омодаи тақвияти муносибот бо Чин аст

Давлаталӣ Саид, Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфта, ки  Душанбе омодаи тақвияти муносибатҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Чин аст.

Давлаталӣ Саид дар дидор бо  Ҳу Чунҳуа, муовини нахуствазири Чин дар Пекин гуфт, Душанбе барои тавсеаи муносибот бо Чин аҳамияти зиёде қоил буда, омодаи тақвияти муносибати тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба бо ин кишвар аст.

Муовини нахуствазири Чин ҳам дар ин дидор гуфт, Чин ва Тоҷикистон қасд доранд мувофиқатҳои муҳими ба дастомада дар дидори сарони 2 кишварро иҷро ва мубодилоти тиҷориро тақвият кунанд ва ҳамкорӣ дар чорчӯби тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” – ро амалӣ кунанд.

Дар солҳои ахир ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиши зиёде ёфта ва бештарин қарзи хориҷии ин ду кишвар аз Чин аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?