Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе ба варзишгарони гуштии тарзи озоди тоҷик, ки қасди сафар ба ин кишвар доштанд, раводид надод. Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе иллати ин иқдомро ҳодисаи се сол қабл эълом кардаанд, ки дар он чор варзишкори тоҷик пас аз сафар ба ин кишвар, дигар ба Тоҷикистон бознагаштанд.
Тими варзишгарони гӯштин тарзи озоди тоҷик қасд дошт барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар шаҳри Чанчжоуи Кореяи Ҷанубӣ, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, ба ин кишвар сафар кунад.
Бозор Носиров сармураббии тими куштигирони озодкори Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки дар соли 2016 ба дархости Олим Зикаев, мураббии тими куштии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, барои 8 нафар аз варзишгарни тоҷик раводиди сафар ба Кореяи Ҷанубӣ содир шуд, ки 4 нафар аз ин афрод ба ҳамроҳи мураббияшон на танҳо дар маҳалли мусобиқот ҳозир нашуданд, балки ҳеҷ нишоне низ аз онон ба даст наёмад.
Аксари кишварҳои Аврупо ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ визаро ба сокинони Тоҷикистон бо мушкил ва баъди омӯзиши зиёд медиҳанд. Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ҷангзада қарор дорад, ки гирифтани визаи кишварҳои дигар ба шаҳрвандонаш бисёр мушкилзо аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

