Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетU17-и Тоҷикистон ба Бразилиё рафт

U17-и Тоҷикистон ба Бразилиё рафт

Субҳи имрӯз ҳайати дастаи  мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон  ба мақсади Бразилиё тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул Душанберо тарк гуфт. Дар ин бора Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019  21 футболбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд. Дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26  октябр то 17  ноябр  дар Бразилия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  дар гурӯҳи «Е» бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон- Камерун, Испания ва Аргентина қувва месанҷанд.

Гуфтанист дар даври нахустини Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28  октябр бо дастаи мунтахаби Камерун рақобат мекунад. Ин дидор соати 20:00 ба вақти Бразилия ва соати 04:00-и субҳи 29  октябр ба вақти Душанбе дар назар аст.

Дар даври дуюм- 31  октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) бо дастаи  мунтахаби Испания ба майдон мебароянд.

Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 3    ноябр (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) бо ҳамтоёни худ аз Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика доир мешаванд. Ба даври 1/8- ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular