Дар як рӯз, 17 октябр варзишгарони тоҷик дар се соҳаи варзиш ба қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Ин соҳаҳо ҷудо, бокс ва қаиқронӣ аст, ки саввуми рушди чандоне дар Тоҷикистон надорад, аммо қаҳрамон тарбия кардааст.
Сомн Маҳмадбеков, ҷудочии ҷавони тоҷик ва намояндаи сулолаи Маҳмадбековҳо дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон, ки дар Марокеш, пойтахти Мағриб баргузор гашт, бо пирӯзиҳои диданӣ ба ҳамаи рақибонаш унвони қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавононро ба даст овард.
Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дирӯз, 17-уми октябр баъд аз шикаст додани чаҳор рақибаш аз Кабо-Вердеи қораи Африқо, Қирғизистон, Белгия ва Италия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал ба Самуэл Гасснер аз Австрия ғолиб омад ва вориди даври ниҳоӣ шуд..
Дар финал ба масофи қаҳрамони Русия Георгий Елбакиев рафт ва дар камтар аз 4 дақиқа ӯро ба пушт зад ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Гуфтанист, Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш бо баҳогузории “иппон” пеш аз мӯҳлат пирӯз шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

