Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодари Зарифбек Давлатов муовини раиси фурӯдгоҳи Душанбе таъин шуд

Додари Зарифбек Давлатов муовини раиси фурӯдгоҳи Душанбе таъин шуд

Шаҳзод Давлатов, додари домоди раисҷумҳур Зарифбек Давлатов муовини раиси фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе таъин шудааст. Дар ин бора манбаъи мӯътамади Паём иттилоъ дод.

То ин замон дар Шаҳзод Далатов вазифаи сардори хидматрасонии заминии фурӯдгоҳ кор мекард. Ӯ додари Зарифбек Давлатов, шавҳари духтари раисҷумҳур Таҳмина Раҳмон аст, ки ба вазифаи қаблиаш баъди муфлис шудани Тоҷик Эйр ва ба дасти Таҳминаву Ҳасан Асадуллозода гузаштани он таъин гардид. 

Ҷои қаблии Шаҳзод Давлатов дар хадамоти заминии фурӯдгоҳро яке аз ҷиянҳои Ҳасан Асадуллозода ишғол кардааст, ки ҳанӯз ба Паём муяссар нашуд ному насабашро маълум кунад. 

Қаблан ширкати мутааллиқ ба Таҳмина Раҳмон – “Агентии алоқаи ҳавоӣ” ягона агенти Тоҷик Эйр буд, ки 12 то 15% аз фурӯши билети ин ширкат. Ин ҳам дар ҳоле, ки комиссияи маъмулӣ 5% аст ва ҳеҷ ширкате аз он бештар пардохт намекунад. Яке аз сабабҳои муфлисшавии Тоҷик Эйрро ҳам коршиносон ҳамин комиссияи ғоратгаронаи Таҳмина Раҳмон медонанд. 

Ширкати милли ҳавопаймоӣ тибқи як нақшаи тӯлонии хонаводаи раисҷумҳур ғорат, шуд. 

Ба назар мерасад хонавода дар садади ғорати фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе афтодааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?