Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет6 голи беҷавоби тими футзали Тоҷикистон ба дарвозаи Непал

6 голи беҷавоби тими футзали Тоҷикистон ба дарвозаи Непал

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии интихобӣ ҳарифони худ, тими Непалро бо ҳисоби калони 6:0 маглуб намуд

 Дастаи миллии футбзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи ҶИЭ оғоз гардид, бар дастаи Непал дастболо шуд.

Ба иттилои сомонаи Варзиш, шогирдони Деян Дедович ба дарвозаи неаплиҳо 6 голи беҷавоб заданд.

Дар ин рақобат Рустам Ҳамидов,Файзали Сардоров ду голӣ, Парвиз Раҳматов ва Умед Қӯзиев як голи ба самар расониданд.

Дидори навбатии мунтахаби футзали Тоыикистон  24-уми октябр бо Афғонистон соати 14:30 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ду дастаи беҳтарини гуруҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Туркманистон сурат мегирад, роҳ меёбад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular