Фардо 25 октябр Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро баррасӣ хоҳад кард. Лоиҳа ҳафтаи гузашта аз ҷониби раисҷумҳур пешниҳод шуда буд
Ҷаласаи палатаи поёнии парлумон соати 10:00 оғоз мегардад. Қарор аст лоиҳаи қонунро дар парлумон масъулини Вазорати адлия ва Додситонии кулли кишвар муаррифӣ ва шарҳ диҳанд.
Бо имкони зиёд, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Озод кардани маҳкумшудагон пас қонунро тасдиқ кардани палатаи поёнии парлумон ва имзои он аз ҷониби раисҷумҳур шурӯъ мешавад. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия масъул мегардад озодсозии маҳбусонро ба роҳ монад.
Гуфтанист рӯзи 16 октябр Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард.
Баъди қабул шудани ин цонун беш аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон шомили он хощанд шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

