Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон бо шуғли ғайрирасмӣ мубориза эълон кард

Раҳмон бо шуғли ғайрирасмӣ мубориза эълон кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз қабули барномаи нави давлатӣ хабар дод, ки ба кам кардани кори ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони иттифоқҳои касаба гуфт, Барномаи нав барои паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда, ё худ ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.

Раисиҷумҳур гуфт, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваҳои корӣ соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар ба 29,4 фоиз, ё 249,5 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2009-ум 24,4 фоиз коҳиш ёфта буд.

Эмомалӣ Раҳмон аз қабули барномаи нав алайҳи кори ғайрирасмӣ гуфта, тавзеҳ дод, ки “амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳадафи асосии барномаи мазкур мебошад”.

Мутобиқи маълумоти Ожонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати 1 июни соли 2019 дар кишвар зиёда аз 91 ҳазор корхона бо шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта, аз ин шумора беш аз 20 ҳазор корхона ҳуқуқи бастани шартномаро дорад. Ҳоло қариб 13 400 корхона шартномаи коллективӣ дорад, ки 67 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати моҳи майи соли 2019-ум 1 миллиону 180 ҳазор нафар, ё 51,1 фоизи шумораи умумии аҳолии дорои шуғл дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият қарор дошт.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?