Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚарзи Тоҷикистон назди Чин аз марзи $1.5млрд убур кард

Қарзи Тоҷикистон назди Чин аз марзи $1.5млрд убур кард

Қарзи Тоҷикистон аз Чин ба $1 млрд. 525 млн расидааст, ки ҳудуди 52% қарзҳои хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Мақомот ҷалби қарзҳои бузург аз Чинро ба “сиёсати дарҳои боз” рабт медиҳанд. 

Акрамшо Фелалиев муовини раиси Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи ҷумъа, 25 октябр бо намояндагони расмии шаҳри Сямини Чин мулоқот кард, дар ин бора хабар дод. Ӯ гуфт дар 24 соли гуҳашта аз ҳисоби қарзҳои Чин ҳашт лоиҳа ба маблағи $1 млрд. 15 млн. доллар амалӣ шудааст. Ин маблағҳо, ба гуфтаи ӯ, асосан дар беҳбуди ҳолати роҳҳои байналмилалӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ истифода шудаанд. 

Аз ҷумлаи онҳо «Хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», «Хати интиқоли барқи 220кВ «Лолазор-Хатлон», «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Ҳуҷанд – Айнӣ», «Таҷдиди зеристгоҳи «Регар – 500 Кв», «Созмон додани шабакаи ягонаи шимоли Тоҷикистон», «Системаи автоматикунонии идораи нақлиёти шаҳри Душанбе», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанб – Чанак» ва «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Данғара» мебошанд.

Ба гуфтаи Фелалиев дар ҳоли ҳозир бо қарзҳои ҳукумати Чин се лоиҳа ба маблағи $510 млн. доллар амалӣ шуда истодаанд. 

Вазорати молия қарзи хориҷии Тоҷикистонро то нимаи соли ҷорӣ ҳудуди $2,9 млрд.  мегӯяд, ки ба 35,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. 52 дарсади ин мабла- ба Чин рост меояд, ки асосан тавассути бонки давлатии Эксимбонк дода шудааст.

Қарзи давлати Тоҷикистон бошад ба 60%-и ММД наздик шудааст.  

Қаблан вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд ҷалби қарзҳо дар асоси сиёсати дарҳои бози ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Мо сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ кардаем, ки ба масъалаи ҷалби захираҳои молиявӣ низ дахл дорад. Чин ё ҳар кишвари дигаре ҳам бошад, мо ба ҷалби маблағҳо бо шартҳои имтиёзнок баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ манфиатдорем”, – гуфта буд ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?