Сурия аз даргирии артиши худ бо артиши Туркия дар Рас-ал-Айн хабар дод. Туркия аммо аз ҳамлаи курдҳо ба артиши худ дар ин минтақа ва кушта шудани як сарбози турк хабар дод. Дирӯз ҳам даргирии шибҳинзомиёни ҳомии Туркия бо ҷангҷуёни курд 15 кушта бар ҷо гузошт.
Телевизиони давлатӣ ва хабаргузории расмии Сурия (САНА) дирӯз, якшанбе, 27 октябр аз даргирӣ миёни артиши ин кишвар ва нерӯҳои артиши Туркия дар минтақаи Рас-ал-Айн, воқеъ дар шимоли шарқии Сурия, хабар доданд.
Ба гузориши САНА, дар ҷараёни ин даргирӣ, ки дар атрофи шаҳри Рас-ал-Айн рух дода, ягонҳои артиши Сурия бар чанд рустоии ин минтақа тасаллут ёфта ва худро ба се километрии марзи Туркия расондаанд.
Ҳамзамон бо оғози ҳамалоти заминии Туркия ба шимоли шарқии Сурия, нигаронӣ аз кашида шудани пойи НАТО ба муноқишаи Анқара ва Димишқ низ афзоиш ёфт. Туркия бо дигар аъзои НАТО паймони пуштибонии мутақобил дорад ва ин кишварҳо муваззаф хоҳанд буд дар сурати ҳамлаи Сурия ба Туркия, барои кумак ба Анқара вориди майдон шаванд.
Дар ҳоле, ки расонаҳои давлатии Сурия аз даргирии артиши ин кишвар бо артиши Туркия хабар додаанд, Анқара бидуни таъйид ё такзиби он аз ҳамлаи шабҳнизомиёни “ягонҳои мудофеъи халқ” ба мавозеъи артиши худ дар Рас-ал-Айн ва кушта шудани як сарбоз ва захми шудани панҷ сарбози дигар ин кишвар хабар додааст.
Туркия моҳи гузашта ҳамалоти заминии худ ба шимоли шарқии Сурияро оғоз кард. Ин ҳамалот дар дараҷаи аввал мутаваҷҷеҳи манотиқи таҳти контроли ҷараёни мавсум ба “ягонҳои мудофеъ халқ (YPG)” аст, ки ағлаб нерӯҳои онро курдҳо ташкил медиҳанд. Анқара ин нерӯро шохаи суриягии ҳизби мамнуъшудаи коргарони Курдистон (ПКК) медонад ва онро ба унвони гурӯҳи террористӣ табақабандӣ мекунад.
Ба гузориши вазорати дифоъи Туркия дар Анқара, муҳоҷимон бо мушак ва хумпораандоз ба мавозеъиТуркия ҳамла карда ва артиши ин кишвар низ ба иқдоми онон посухи мутаносиб додааст. Тибқи ин гузориш, ҳадафи ҳамла як “маъмурияти шиносоӣ ва контрол” будааст. Шибҳинизомиёни курд ҳанӯз ин хабарро таъйид накардаанд.
Дасти кам 15 куштаи дигар
Ба гузориши дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Лондон, дар ҷараёни даргириҳои рӯзи шанбе миёни шибҳинизомиёни ҳомии Туркия ва шибҳинизомиёни курди Сурия дар шимоли ин кишвар, дасти кам 15 нафар кушта шуданд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҷараёни даргириҳо дар Тал Тамр ва Рас-ал-Айн 9 тан аз нерӯҳои вобаста ба Туркия ва шаш тан аз ҷангҷуёни вобаста ба нерӯҳои демократики Сурия (SDFf) ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия пас аз он анҷом гирифт, ки Амрико нерӯҳои низомии худро аз манотиқи шимоли ин кишвар хориҷ кард. Хурӯҷи ин нерӯҳо аз манотиқи курнишин, ки “чароғи сабз”-и Амрико барои амалиёти Туркия талаққӣ шуд, бо интиқодҳои шадиди байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.
Шибҳнизомиёни курд, ки ҳадафи ҳамалоти Туркия унвон шудаанд, аз муҳиммтарин муъталифони Амрико дар ҷанг алайҳи ҷиҳодгарёни Доъиш буданд. Туркия эълом кардааст, ки мехоҳад минтақаи ҳоил ба умқи 30 километр дар манотиқи марзи худ бо Сурия барқарор кунад.
Курдҳо зери фишори муштараки Туркия ва Русия
Ҳамалоти Туркия нахуст бар манотиқи миёни шаҳрҳои марзии Раъс-ал-Айн ва Тал Абяз мутамаркиз буд. Дар ин миён, Маскав ва Анқара бар сари контроли муштараки манотиқи марзӣ бо Туркия ба тавофуқ расидаанд.
Тибқи ин тавофуқ, нерӯҳои “ягонҳои мудофеъи халқ” боястӣ дасти кам 30 километр аз навори марзи Туркия ақибнишинӣ карда ва аз он фосила бигиранд. Мӯҳлати таъйиншуда барои ақибнишинии шибҳинизомиёни курд аз ин манотиқ, шомгоҳи сешанбеи оянда ба поён мерасад.
Мавлуд Чавошуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар ҷараёни дидор бо Ҳоику Мос, ҳамтои олмонии худ, аз тавофуқи Туркия бо иттиҳодияи Аврупо ва Русия бар сари “минтақаи амн”-и мавриди назари Анқара хабар дод ва гуфт: “Ин минтақа маконе барои бозгашти довталабонаи муҳоҷирон, паноҳҷуён ва оворагони даруни кишвар хоҳад шуд.”
Вазири умури хориҷаи Олмон ин пешниҳодро ғайриқобили иҷро хонд ва гуфт, ки пешниҳоди вазири дифоъи Олмон мавзеъи расми давлати ин кишвар нест. Ҳоику Мос пештар амалиёти низомии Туркия дар Сурияро нақзи қавонини байналмилалӣ дониста буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

