Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоМАРДЕ АЗ ДИЁРИ ЁРОНИ ХУДО..

МАРДЕ АЗ ДИЁРИ ЁРОНИ ХУДО..

МАРДЕ АЗ ДИЁРИ ЁРОНИ ХУДО..

Банда уро бори аввал соли 2001 дар утоқи корияш дар н. Исфара мулоқот кардам. Мо бо ҳамроҳи Сайид Умар Ҳусайнӣ будем. У ба ҳайси раиси бахши ноҳиявии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон н. Исфара кор мекарданд. Устод, донандаи забонҳои Англисӣ, Арабӣ ва Русӣ, аз Ислом ва маъорифи фиқҳӣ ва ахлоқиву адабии он хуб огоҳӣ доранд..

Аз ҳама болотар шахси муттақӣ, хоксор ва дустдору дилсуз ба ислом, миллат ва кишвари худ ҳастанд. Вақте шабро дар манзилашон гузарондем, аз ҳадди таваққуъ бештар шефтаи тавозуъ, ахлоқ, меҳмоннавозӣ ва хидматгузории аҳли илму дин ва шахсиятҳои мазҳабӣ аз ин хонадон ва деҳаи шарифи ин бародар шудам.

Пасон ин марди шариф аз диёри ёрони Худо ба хотири хидматҳои шоёнаш ба маркази ҳизб ба пойтахт даъват шуданд, ба ҳайси раиси дастгоҳи раҳбари ҳизб, муъовини раис ва роҳбари дигар шуъбаҳо шуда фаъолият карданд, ки дар якҷоягӣ кору фаъолит намудан ба У ва шахсияти олӣ буданаш бештар ошиноӣ ҳосил кардам.

Ин марди наҷиб ва қавиирода Воҳидхон Қосиддинов аст. Бо ҳама наҷибзодагӣ ва бузургияш бо зулм ва бо туҳматҳои бовар накарданӣ пушти паҷараи зиндон қарор дорад..
Аз Аллоҳи тавоно барояш сабр, субот ва ҳарчи сареътар раҳоияшро хоҳонам.

Имруз ин бародари мо зодрӯз дорад, чизи арзишмандтаре ҷуз ашкони чашмам ва дуъо ба даргоҳи Аллоҳи тавоно барои раҳоияш дар ин лаҳазот надоштам.. Мутмаиннам ҳақ пирӯз мешавад, золимон ба сазои аъмоли бади худ гирифтор мешаванд.

Аз Аллоҳ мехоҳам дар идомаи роҳи ин бародарон ва хидмат би ислом, кишвару миллатам кумакам намояд..

ЗОДРУЗИ ХУҶАСТААТ МУБОРАК..

Муҳамадсаъид Ризои , ъузви Раёсати Оли Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика