Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико ва шаш кишвари арабӣ ниҳодҳо ва ширкатҳои муртабит бо Эронро таҳрим...

Амрико ва шаш кишвари арабӣ ниҳодҳо ва ширкатҳои муртабит бо Эронро таҳрим карданд

Иёлоти муттаҳида ва шаш кишвари арабӣ шуморе аз банкҳо, ширкатҳои тиҷорӣ ва ашхоси воқеъии муртабит бо Эронро таҳрим карданд. Иллати ин иқдом, нақши онҳо дар ҳимояти молии Ҷумҳурии Исломӣ аз терроризм эълом шуд. 

Рӯзи чаҳоршанбе, 30 октябр вазорати хазонадории Иёлоти муттаҳида бо интишори баёнияе эълом кард, ки “маркази муқобила бо таъмини молии терроризм” (TFTC) таҳримҳои алайҳи 25 банк, ширкат ва ашхоси воқеъии муртабит бо Эрон эъмол кардааст. 

Илова бар Иёлоти муттаҳида, Амороти арабии муттаҳида, Баҳрайн, Арабистони саудӣ, Уммон, Қатар ва Кувейт узви ин марказ ҳастанд. 

Тамоми 25 ширкат, банк ва шахс, ки дар ин таҳримҳо аз онҳо ном бурда шуда, пеш аз ин дар феҳрист таҳримҳои Иёлоти муттаҳида будаанд. 

Стивен Тёрнер Мнучин, вазири хазонадории Амрико таъкид кардааст: “Иқдоми маркази муқобила бо таъмини молии терроризм ҳамзамон бо сафари ман ба Ховари Миёна сурат гирифтааст, сафаре, ки барои дидор бо ҳамтоёнам дар саросари минтақа сурат гирифта ва ҳадафи он тақвияти мубориза алайҳи таъмини молии терроризм аст”. 

Таҳрими “шабакаи иқтисодии бузург” 

Дар баёнияи вазоратхонаи амрикоӣ омадааст, ки ҳадафи 21 маврид аз таҳримҳо шабакаи бузурге будааст, ки аз нерӯи муқовамат Басиҷ ҳимоят молӣ мекунад. 

Дар ин баёния ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки ширкатҳои таҳримшуда, муассисаҳои пӯшишӣ барои фаъолиятҳои иқтисодии Басиҷ ҳастанд ва миллиардҳо доллар сармояи Басиҷ дар саноеъи автомобилсозӣ, маодин, филизот ва банкдориро контрол мекунанд. 

Бар асоси ин баёния, бисёре аз ширкатҳои таҳримшуда дар Ховари миёна ва ҳатто Аврупо фаъолият доранд. 

Ба гуфтаи вазорати хазонадории Амрико, чаҳор шахси воқеъии таҳримшуда вобаста ба Ҳизбуллоҳ ҳастанд ва ба барномарезии амалиётҳои ин гурӯҳ дар Ироқ кумак мекунанд. 

Вазири хазонадории Амрико дар Ховари миёна ба сар мебарад. Ў рӯзи душанбе дар дидор бо Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил эълом кард, ки фишорҳои иқтисодӣ бар Эрон дар робита бо барномаи атомии ин кишвар афзоиш хоҳанд ёфт. 

Мнучин гуфт, ки Амрико тасмим дорад аз тариқи таҳримҳо Ҷумҳурии Исломиро водор кунад, аз “фаъолиятҳои бад ва судури терроризм” бипарҳезад ва “аз тавлиди мушак ва тавоноиҳои атомӣ” даст бардорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular