Thursday, October 30, 2025
ADS
HomeПаём нетДонишҷӯйи ноболиғ бо «BMW X5» —и бобояш кӯдаки 11-соларо ба ҳалокат расонид

Донишҷӯйи ноболиғ бо «BMW X5» —и бобояш кӯдаки 11-соларо ба ҳалокат расонид

Дар шимоли Тоҷикистон Мансур Ҷураеви 17-сола, пеш аз зуҳри имрӯз, 21-уми октябр дар роҳ ба донишгоҳ бо «BMW X5» Амирҷон Баротови 11-соларо зер кардааст. Тибқи иттилои мақомот садама дар маҳаллаи 27-и шаҳри Хуҷанд рух дода, дар натиҷа Баротов, сокини ин маҳалла ба ҳалокат расидааст.

Ҷӯраеви 17-сола, ки мошинро бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора мекардааст, зимни шарҳи қазия ба маъмурини милиса гуфт, “дидам, сигнал додам, аммо успет накардам”. Ӯ афзуд, ки донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, дар роҳ ба донишгоҳ қарор дошт.

Бобои ин ҷавони 17-сола, соҳиби аслии мошин, ба суол, ки чаро мошинро ба наберааш бе ҳуҷҷати ронандагӣ додааст, посух дод, ки “гуфтам, рав тонировкаша иваз кун”.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин садама идома дорад.

Маврид ба зикр аст, тибқи қонунгузории Тоҷикистон шаҳрванд то ба синни 18-солагӣ расидан кудак ҳисобида шуда на фақат ҳаққи ронандагӣ надорад, балки ҳатто наметавонад ягон хоҳар ё додари хурдсолашро бе иштироки шахси болиғ дар куча роҳбаладӣ кунад ва ё ба боғча барад. https://youtu.be/o59DqN4U1WQ

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?