Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуаллифи ибораи “Пешвои миллат”бетараф аст?

Муаллифи ибораи “Пешвои миллат”бетараф аст?

Носирҷон Салимӣ бинобар сабаби пайвастан ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ роҳбарии Институти илмиро канор гузошт. Номбурда нахустин нафаре аст, ки дар матбуот ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони “Пешвои миллат”-ро пешниҳод кард ва дере нагузашта он ҳукми қонунӣ гирифт.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб шудани шахсиятҳои маъруф дар ҳайати комиссияи Марказии раъйпурсӣ ва интихоботро ба омодагии ҷидии ҳукумат ба интихоботҳои дарпешистода арзёбӣ мекунанд.

Чанд рӯз пеш ҳамчунин, Мағфират Хидирзода, собиқ узви парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҲХДТ ва  муовини раиси вилояти Хатлон низ аз вазифа барканор ва узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шуд.

Гуфтанист, ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки дар интихоботи парлумонӣ ва президентии кишвар ҳамаи узви Коммиссияи Маркази райпурсӣ ваи интихобот шахсоне хоҳанд буд, ки узви ягон ҳизб набошад. Аммо, баъди эъломи шахсияти аъзои нави коммиссия маълум шуд, ки ҳамагӣ собиқ фаолони ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон ҳастанд. Фаъолони сиёсӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб шудани шахсиятҳои маъруф ва содиқ ба президент ва ҲХДТ дар ҳайати комиссияи Марказии раъйпурсӣ ва интихобот ба омодагии ҷидии ҳукумат ба интихоботҳои дарпешистода арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, аллакай ҳукумат пешакӣ дарак дод, ки интихобот ба ном вале дар асл таинот суръат хоҳад гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular