Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМурофиаъи ду ворухии аз ҷониби қирғизҳо боздоштшуда имрӯз шурӯъ мешавад

Мурофиаъи ду ворухии аз ҷониби қирғизҳо боздоштшуда имрӯз шурӯъ мешавад

Пайвандони ду сокини ҷамоати Ворухи Исфара, ки ду ҳафта қабл аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шудаанд, мегӯянд, ки мурофиаи додгоҳии наздикони онҳо имрӯз шуруъ мешавад. Мақомоти марзбонии Қирғизистон то ҳол масъаларо шарҳ надодаанд.

Мурофиаи нахустини Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримов дар додгоҳи Бодканд рӯзи 22-юми октябр мебоист шуруъ мешуд, вале онро ба рӯзи 1-уми ноябр гузаронданд

Ин ду сокини ҷамоати Ворух ба гуфтаи Аминҷон Нозиров, як корманди шуъбаи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух, шоми 14-уми октябр боздошт шуданд. Кормандони пулиси ҷамоати Ворух гуфтанд, як гуруҳи ҷустуҷӯии худро ба маҳалли боздошти онҳо “Пули офтобрӯя” фиристонданд, вале натиҷа надодааст.

Наздикони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон мегӯянд, Бобоҳасанов ва Каримов дар чарогоҳи мутааллиқ ба қаламрави Тоҷикистон, бо номи “Пули Офтобрӯя”, боздошт шудаанд. Ба хешовандони ин ду нафар гуфтаанд, ки боздоштшудагон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешаванд.

Гуфтанист, Қисме аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аксари баҳсҳои марзӣ, ба гуфтаи коршиносон, аз номушаххасӣ дар марз рух медиҳад, зеро ин ҷо минтақаҳое мавҷуд аст, ки яке аз тарафҳо онро баҳсталаб мешуморад.

Як моҳи охир ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон талош доранд то вазъият дар марз ором нигоҳ дошта шавад. Интизор меравад, рӯзҳои наздик ҳайатҳои муштарак ба омӯзиши вазъ ва омодагӣ ба таъйини хатти сарҳад ба минтақа сафар кунанд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular