Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз заминфурӯшӣ. Ин дафъа ба Ӯзбекистон

Боз заминфурӯшӣ. Ин дафъа ба Ӯзбекистон

Тоҷикистон 300 га замин дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳи Навро ба Ӯзбекистон медиҳад. Ин замин дорои кони тиллое аст, ки аз он корхонаи тиллобарории “Апрелевка” истифода мекунад. 

Дар ин бора “Фараж” хабар додааст. Як манбаъ дар суҳбат ба faraj.tj  гуфтааст “он 300 га замине, ки қарор аст ба Ӯзбекистон диҳанд, дорои кони тилло буда, тули 10 рӯз мешавад, ки талош доранд, то ба он симхор бикашанд”.

Раиси Кумитаи идораи  замин дар вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода  дар суҳбати телефонӣ ба манбаъ иброз доштааст, “ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дошта,  танҳо Ҳукумати Тоҷикистон метавонад масъалаи мазкур шарҳ диҳад”.

Ҳамчунин, роҳбари сарҳадот дар ноҳияи Масчоҳи нав Каримзода дар суҳбат ба faraj.tj  гуфтааст: “Вазифаи мо муҳофизати сарҳад аст, ин масъала дар салоҳияти мо нест”.

Гуфтанист ин кон дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳ, ҷамоати «Навбаҳор», наздикии деҳаи Оби Шифо ҷойгир аст. Ширкати Тоҷикистону канадагии «Апреловка» солҳо боз ин конро истифода мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular