Санаи 1-уми сентябри сол 1920 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст, 29-уми июли 1996 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст, ё худ аниқтараш кушта шудааст.
Олими маъруф муддати 23 сол Президенти Академияи илмҳои кишвар буд. Роҳаш ба илм баъди хатми ҷанге сар шуда, ки муддати 5 сол худи ӯ дар ҷабаҳоташ буд. Ӯ аз дасти ҳамватани нохудогоҳ ба қатл расид. Солҳои 1934-1937 дар факултаи хоҷагии қишлоқи шаҳри Ленинобод таҳсил карда, соли 1941 шӯъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро бомуваффақият хатм менамояд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам ҳаст, ки аз аввал то охири набард бо фашистон ширкат дошт. Муҳаммад Осимӣ баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, дар вазифаи мудири кафедраи физика ва ниҳоят ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор мекунад.
Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Соли 1962 вазифаи вазири вазорати маорифро низ бар дӯш дошт.
Муҳаммад Осимӣ соли 1966 нахустин ректори Институти политехникии Тоҷикистон таъин шуда, дар рушду нумӯъи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста мекунад, соли 1965 президенти Академия фанҳои Тоҷикистон интихоб шудааст. Ў дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, ва фалсафа низ хизмати босазое кардааст. Ҳамзамон солҳои 1991–1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт. Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт. Муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таълифотҳои ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд. Шояд дар пешрафти илмии олим муҳити маънавии атроф ҳам таъсири бузурге расонида, зеро Ў ба шоирон, нависандагон ва олимони машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров робитаҳои дўстона дошт. Ҳамеша дар доираи аҳли фазлу улуми даврон қарор дошт.
Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамиятӣ буд. Вай депутати Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаии ба номи Абўалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд. Муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Барои ин ҳама хизматҳои шоёнаш дар назди халқу ватан бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Револютсияи Октябр», «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст.. Сари синаи ӯро 16 адад ордену медалҳои гуногун, ки ба хотири ҷонфидоиҳояш ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ҷодаи илму адабиёту фарҳанг сазовор гаштааст, оро медод.
Субҳи 27-уми июли соли 1996 вақте ба кор мерафт, дар роҳ аз ҷониби афроди ношинос кушта шуд. Ба хотири гиромидошти номи неки Муҳаммад Осимӣ соли 1997 Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Муҳаммад Осимиро гирифт.
Намунае аз навиштаҳои академик Осимӣ аз дафтари “Аз лавҳи хотир”
Писари калонии бобоям Исломхон Олимиро,ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд, ҳамчун душмани халқ ҳабс карда ба вилояти Архангелск ба муддати даҳ сол бадарға карда буданд. Писари дигари бобоям Қутбиддин Олимиро, ки дар донишкадаи киноматографии Москва таҳсил мекард, бародараш душмани халқ гуфта аз донишгоҳ ронданд. Ӯ ба номи Сталин ариза фиристода ба Самарқанд омада мунтазири ҷавоби аризааш буд. Бобоям аз тарс аз хона берун намебаромад. Ҳеҷ кас ба наздаш намеомад. Устод Айнӣ ҳам аз хона берун намебаромаданд. Дар рӯзномаҳои Самарқанд дар ҳаққи устод мақолаҳои тӯҳматомез чоп мешуданд…Ба назди Айнӣ ҳам қариб ҳеҷ кас намеомад. Ҳар бор, ки ман ба назди устод меомадам, аввал аз ман номи кӯчаро мепурсиданд. Кӯчаи калоне,ки Майдони Регистонро бо гулгашти донишгоҳ мепайваст, ба номи Айнӣ буд. Ман мегуфтам, ки кӯча ба номи шумо. Чеҳраи устод каме равшан мешуд ва аз ман аҳволи бобоямро мепурсиданд. Рузе аз ман пурсиданд, ки зиндагии бобоям чӣ тавр аст, харҷи рӯзгор аз куҷост.
-Харҷи рӯзгор аз стипендияи ман.
-Бо ин пул се кас чӣ тавр зиндагӣ мекунед?
-Барои нон, қанд ва чой мерасад.
Устод фармуданд,ки ман интизор бошам ва худ ба ҳавлии дарун рафта, бо як қабза пул баромаданд.
-Ин пулро ба бобоят бар ва ҷавобашро ба ман хаттӣ биёр.
Пулро гирифта давон ба назди бобоям рафтам.Бобоям дар ҳуҷраи худ мисли ҳарвақта китоб мехонданд.Чеҳраи шодмони маро дида ҳайрон шуданд.Дар ин рӯзҳои фоҷиавӣ ман аз кӯча ягон хабари хуш намеовардам…Ман хомӯш пулро ба дасти бобоям додам ва гуфтам, ки ин пулро устод Айнӣ барои шумо доданд. Бобоям пулро гирифта ба чашмонашрн молиданд ва чанд қатра ашки сипос рехтанд ва аз ман пурчиданд:
-Шарикам нагуфт, ки ҷавобашро хаттӣ нависам?
-Гуфтанд.
-Ман шарикамро хуб мешиносам. Пас интизор шав…”
Соима Саидӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

