Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeМуҳоҷиронМилитсияи Душанбе як ҷавони муҳоҷирфиребро дастгир намуд

Милитсияи Душанбе як ҷавони муҳоҷирфиребро дастгир намуд

Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, тавассути телефони (+992) 018-02-02-02 аз фиреби як ҷавон шикоят намудаанд. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳо аз ҷониби кормандони милитсия, гумонбар дар ин ҷиноят — Бегов Шаҳром, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.

Тибқи маълумоти милитсия, Бегов Шаҳром дар гурӯҳҳои телеграмии муҳоҷирон худро ҳамчун шахси ҳуҷҷатгузор ва ронандаи таксӣ муаррифӣ намуда, аз боварии шаҳрвандон истифода бурда, тавассути ҳамёни электронӣ маблағҳои онҳоро аз худ намудааст.

Дар ҷараёни тафтишот беш аз 20 ҳолати мардумфиребии ӯ муайян шудааст. Зарари умумии расонидашуда ба муҳоҷирон зиёда аз 500 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ мешавад.

Милитсияи пойтахт таъкид мекунад, ки тафтишоти парванда идома дорад, ва аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати шубҳа ба чунин афрод ба мақомот муроҷиат намоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular