Нерӯҳои марзбонии КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамла ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон хабар додаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъ бар асари ҳамлаи “гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобдор” як сарбози марзбонӣ ва як корманди ВКД Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии КДАМ навиштааст “шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.
Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.
Айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад”.
Вазорати корҳои дохила гуфтааст дар пайи думболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини ҳамлагарон нобуд карда шудааст. ВКД шумораи боздоштшудаҳоро, ки ба деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуда буданд, 4 нафар гуфтааст.
Тафтиши ин хабар аз манобеъи дигар ҳанӯз муяссар нашуд.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон ба ин “ҳамла” шубҳа мекунанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, таҳлилгари тоҷик навиштааст:
Дар замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Урупо қарор дорад ва ӯ аз хеле вақт пеш сайъ мекунад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус барои урупоиҳо собит кунад, ки мухолифонаш терурист ҳастанд, кадом мадраку санаде бар ин иддао метавонад беҳтар аз ин бошад, ки дуруст дар ҳамин замон як “гурӯҳи мусаллаҳи ниқобдор” ба марзбонони тоҷик – он ҳам дар марз бо Ӯзбакистон – ҳамла кунад?! Оё мадраке беҳтар аз ин метавон суроғ дошт?!
Ба зудӣ таҳлили Паём дар бораи усули яксони ин гуна амалиётҳо дар Тоҷикистон нашр хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

