Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДеҳа ба ивази обанбор. Тоҷикистону Ӯзбекистон хати марзро муайян мекунанд

Деҳа ба ивази обанбор. Тоҷикистону Ӯзбекистон хати марзро муайян мекунанд

Эҳтимол меравад, деҳаи тоҷикнишини Чодак дар ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон ба ҳудуди ноҳияи Ашти Тоҷикистон гузарад. Бар ивази ин ҷониби Тоҷикистон обанбори корхонаи маъдантозакунии Олмалиқро, ба ҳудуди Узбакистон таслим хоҳад кард

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, дар ин масоил кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаҳои муайянсозии хатти марз, сари ин тавофуқот идома дорад.

Қишлоқи тоҷикнишини Чодак беш аз панҷоҳ ҳазор аҳолӣ дорад ва он дар замони шӯравӣ ба ҳудуди ноҳияи Ашти Тоҷикистон дохил мешуд.

Обанбори корхонаи маъдантозакунии Олмалиқи Узбакистон  воқеъ дар ноҳияи Масчоҳ ҳудуди ҳазор гектор заминро фаро мегирад.

Тоҷикистону Узбакистон ду давлати ҳамҷавор ба ҳисоб мераванд, аммо то ҳанӯз хатти марз миёни ду кишварҳо ба пуррагӣ муайян карда нашудаанд.

Марзи муштараки миёни ин ду кишвар бештар ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон рос меояд.

Масъулини идораҳои замин дар ноҳияҳои Масчоҳ ва Ашти Тоҷикистон дар бораи чунин тавофуқот изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегуянд, ин масъалаҳо дар ҷаласаи кори комиссияҳо ва дар доираи ҳукуматҳои марказии ду давлат баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular