Собиқ корманди мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон ба ноаён гузаштани гурӯҳи 20 нафараи ДОИШ аз сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистон шубҳа мекунад.
Давлатхоҷа Назиров, собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон зимни сӯҳбаташ бо хабаргузории Азияплюс гуфтааст, шубҳаовар аст, ки гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” иборат аз 20 нафар пинҳонӣ тариқи сарҳади давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон гузашта бошанд ва ғайриимкон аст, ки онҳо дар муддати се рӯз ноаён дар қаламрави кишвар гаштугузор карда, қариб 200 километр масофаро аз Қубодиён то ноҳияи Рӯдакӣ тай кардаанд ва қариб ба пойтахт наздик шудаанд.
Назиров ба далели дар фурсати кӯтоҳ нобуд кардани аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаро низ зери шубҳа кардааст.
Ба бовари ин собиқадори мақомоти амниятӣ “ҳамлаи ҷангиён ногаҳонӣ буд ва онҳо аз истифодаи он даст кашида наметавонистанд, ғайр аз ин, маълум аст, ки ҷангиёни “Давлати исломӣ” наметавонанд ба ин тарз ноуҳдабароёна ҳуҷумеро ташкил кунанд, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳ онро саркӯб созанд”.
“Ба гумони ғолиб, гурӯҳи безараршуда аз шаҳрвандони рӯҳияи террористӣ ва ифротгароидоштаи Тоҷикистон иборат буд. Яқинан, онҳо ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар роҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳуҷум кардаанд. Ба ин дар автомашинаҳо бо рақамҳои давлатии Душанбе ҳаракат кардани онҳо шаҳодат медиҳад. Аммо ҳамларо ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ифротгароёни корноозмуда, ки нияти пайввастан ба сафҳои созмонҳои террористӣ дар Афғонистонро доштанд, содир кардаанд”. – мегӯяд ин коршинос
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд.
КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамла аз ҷониби ҷангиёни “Давлати исломӣ”, ки аз Афғонистон омадаанд, сурат гирифтааст.
Дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуда, 15 тан аз ҷангиён безарар гардонида шуданд. КДАМ аз боздошти боқимонда 5 нафр ҷангиёни зиндамонда ва бозпурсии онҳо хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи ВКД ҶТ , ки 4 нафар ҷангиён боздошт шудаанд. Ғайр аз ин, дар торнамои ВКД рӯзи 6 ноябр аксҳо аз амалиёти махсус нашр шуда, лекин баъдан аз сомона гирифта шуданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

