Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНишасти сарони мақомоти амниятии кишварҳои ИДМ дар Тошканд

Нишасти сарони мақомоти амниятии кишварҳои ИДМ дар Тошканд

Имрӯз 7 ноябр дар Тошканд роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсири вазъи шимоли Афғонистон ба вазъият дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд. 

«7 ноябр дар Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Ҷаласа дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал баргузор мегардад», — иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Зикр шудааст, ки диққати асосӣ ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дода мешавад. Роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ вазъияти шимоли Афғонистон ва таъсири он ба вазъият дар Осиёи Марказиро муҳокима хоҳанд кард.

«Зарур аст, ки чораҳои иловагӣ дар самти муқовимат ба фаъолияти террористӣ, инчунин роҳ надодан ба ангезаи бадбинии байни миллатҳо ва мазҳабҳо дар кишварҳои мо роҳандозӣ карда шаванд», — гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.

Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҳам барои ширкта дар ин нишаст субҳи имрӯз озими Тошканд шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular