Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМақомоти Афғонистон вуруди ҳамлагарон аз хоки ин кишварро рад карданд

Мақомоти Афғонистон вуруди ҳамлагарон аз хоки ин кишварро рад карданд

Вазорати дифои Афғонистон даъвои ҷониби Тоҷикистон дар бораи хоки ин кишвар ба Тоҷикистон ворид шудани ҷангҷӯёни ДОИШ-ро рад кард.

Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, “террористон дар берун аз Афғонистон буданд ва ҳамла дар хоки Тоҷикистон сурат гирифтааст. Иддаои мақомҳои Тоҷикистон дар ин бора бо шавоҳиди айнӣ ҳеч мутобиқат надорад. Яъне, аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла нашудааст.”

Ба гуфтаи вазорати дифои Афғонистон “ҳеч далеле нест, то собит кунад, ки ҳаросафканон аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон рафта бошанд”.

Коршиноси афғонистонӣ Борӣ Ориз, низ ба ин назар аст, ки “ҳеч бахши ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундуз ва дар умум минтақаҳои шимол-шарқи Афғонистон, наздик ба Тоҷикистон, зери назорати ДОИШ нест ва бештар гурӯҳи Толибон дар ин минтақаҳо ҳузуру фаъолият доранд”.

Мақомоти Тоҷикистон ба посухи Кобул ҳанӯз вокунише нишон надодаанд. 

Дирӯз, 6-ноябр маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бо пахши баёнияе даъвао карда буд, ки баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, “онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон бо дастури гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд”. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular