Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМухолифони тоҷик дар маркази Париж тазоҳурот мекунанд

Мухолифони тоҷик дар маркази Париж тазоҳурот мекунанд

Қарор аст соате пас тазоҳуроти мухолифони тоҷик дар майдони “Республика”-и Париж, пойтахти Фаронса шурӯъ шавад. Ин тазоҳурот ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса муртабит аст. 

Дирӯз гурӯҳи бистнафари аъзои Паймони миллии Тоҷикистон дар рӯбарӯи биное, ки қарор буд Раҳмон дар он барои вохӯрӣ бо соҳибкорони фаронсавӣ ҳузур пайдо кунад, таҷаммӯъ карданд. Аммо дертар маълум шуд ҷои баргузории нишаст бо дархости ҷониби Тоҷикистон иваз карда шудааст.

Мухолифон баъди соате интизорӣ пароканда шуданд, аммо қабл аз он як фарохони видеоӣ бо даъват ба тазоҳуроти имрӯз нашр карданд. Дар он аз тамоми мухолифони ҳузурдошта дар Аврупо дархост шуд, дар таҷаммӯъи имрӯза ширкат кунанд. Ин фарохонро инҷо бубинед. 

Дар тазоҳуроти имрӯза қарор аст шумори бамаротиб бештари мухолифин ширкат кунанд.

Раҳбари дафтари ПМТ дар Лаҳистон Исломҷон Саидов ба Паём гуфт, ки шоми дирӯз аз Лаҳистон се мошин бо шумули 12 нафар ба сӯи Париж ҳаракат кардаанд ва дар тазоҳуроти имрӯз ширкат мекунанд. 

Ба гуфтаи Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ аз Литва низ 10 нафари дигар ба тазоҳургарон хоҳанд пайваст. Дар таҷаммӯъи дирӯза 6  тоҷики муқими ин кишвар ширкат карда буданд. 

Ҷаннатуллоҳи Комил, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Олмон гуфт аз ин кишвар 25 нафар дар тазоҳуроти Париж ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Холиди Муҳаммадсаид, аз Утриш ҳам 6 нафар ба Париж расидаанд.

Тазоҳурот соати 10 ба вақти Фаронса (14 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад ва бо эҳтимоли зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Ютуб мустақиман пахш хоҳад шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?