Раисҷумҳури Амрико бо ирсоли паёме ба Кунгура эъломи вазъияти изтирории миллӣ алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард.
Кохи сафед бо интишори баёнияе эълом кард: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ирсоли паёме ба Кунгура эъломи вазъияти изтирории миллӣ алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард.
Трамп бо баёни ин ки равобити Вашингтон ва Теҳрон ҳанӯз одӣ нашудааст гуфт: Ба ҳамин далел вазъияти изтирории миллӣ, ки дар таърихи 14 ноябри 1979 эълом шуда буд бояд пас аз 14 ноябри соли 2019 то як соли дигар идома ёбад ва ин амри зарурӣ аст.
Гуфтанист, Ҷими Кортер раисҷумҳур вақти Иёлоти муттаҳида баъд аз буҳрони гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон дар 14 ноябри 1979, тайи фармони шумораи 12170 вазъияи изтирории миллӣ алайҳи Эрон эълом карда буд. Аз он замон то кунун ин фармон ҳамвора аз сӯи русои ҷумҳури баъдии Амрико тамдид шудааст.
Руасои ҷумҳури Амрико фармони вазъияти изтирории миллиро алайҳи кишвар ё гурӯҳҳое содир мекунанд, ки як таҳдиди фавқулода алайҳи амнияти милли Амрико маҳсуб мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

