Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТрамп вазъияти изтирории миллӣ алайҳӣ Эронро барои як солӣ дигар тамдид кард

Трамп вазъияти изтирории миллӣ алайҳӣ Эронро барои як солӣ дигар тамдид кард

Раисҷумҳури Амрико бо ирсоли паёме ба Кунгура эъломи вазъияти изтирории миллӣ алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард. 

Кохи сафед бо интишори баёнияе эълом кард: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ирсоли паёме ба Кунгура эъломи вазъияти изтирории миллӣ алайҳи Эронро барои як соли дигар тамдид кард. 

Трамп бо баёни ин ки равобити Вашингтон ва Теҳрон ҳанӯз одӣ нашудааст гуфт: Ба ҳамин далел вазъияти изтирории миллӣ, ки дар таърихи 14 ноябри 1979 эълом шуда буд бояд пас аз 14 ноябри соли 2019 то як соли дигар идома ёбад ва ин амри зарурӣ аст. 

Гуфтанист, Ҷими Кортер раисҷумҳур вақти Иёлоти муттаҳида баъд аз буҳрони гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон дар 14 ноябри 1979, тайи фармони шумораи 12170 вазъияи изтирории миллӣ алайҳи Эрон эълом карда буд. Аз он замон то кунун ин фармон ҳамвора аз сӯи русои ҷумҳури баъдии Амрико тамдид шудааст. 

Руасои ҷумҳури Амрико фармони вазъияти изтирории миллиро алайҳи кишвар ё гурӯҳҳое содир мекунанд, ки як таҳдиди фавқулода алайҳи амнияти милли Амрико маҳсуб мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular