Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии Раҳмон аз обшавии пиряхҳои кишвар

Нигаронии Раҳмон аз обшавии пиряхҳои кишвар

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши сатҳ ва нобудии пиряхҳо дар кӯҳистонҳои кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Дирӯз зимни суханронии худ дар 40-умин Конфронси байналмиллалии тағйироти иқлимӣ дар Париж, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зарфи 70 соли охир ҳудудан 35 дарсади пиряхҳои табиии Тоҷикистон аз байн рафтаанд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон  ин дар ҳолест, ки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Миёна дар қаламрави Тоҷикистон шакл мегирад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар айни ҳол аз созмонҳои ҷаҳонӣ ба вижа Созмони Миллали мутаҳид ва Созмони ЮНЕСКО хост дар ҳалли мушкили манобеи обӣ ва пиряхҳо ба Тоҷикистон кумак кунанд.

Гуфтанист Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр дар сафари давраӣ дар ду кишвари аврупоии Швейтсария ва Фаронса ба сар мебарад.

Ин сафари тулонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон нахустин сафари ӯ ба кишварҳои аврупоӣ пас аз 3  сол аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular