Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати саноат сабаби азкормонии корхонаҳоро шарҳ дод

Вазорати саноат сабаби азкормонии корхонаҳоро шарҳ дод

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки набуди бозор, мудирияти нодуруст ва фарсудагии таҷҳизот сабаб шудааст, ки корхонаҳо  ва марказҳои истеҳсолӣ дар кишвар аз кор монанд.

Тибқи гузориш, соли 2018 беш аз 307 маркази истеҳсолӣ ва саноатӣ аз кор монд, ки 67 дарсади ин корхонаҳо марбут ба бахши коркарди маҳсулот буд. Ин дар ҳолест, ки Заробиддин Файзуллоҳзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар Душанбе тобистони имсол гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар 146 корхона ва коргоҳи нав, 1 800 нафар машғул ба фаъолият шудаанд, аммо аз кор афтодани 181 корхона ва коргоҳ мӯҷиби бекор шудани наздик ба 2 ҳазор нафар шудааст.

Мақомоти ин вазорат рақобатпазир набудани маҳсулот, камбуди маводи хом, набуди бозори фурӯши маҳсулот, мудирияти нокоромад ва фарсудагии таҷҳизотро омили асосии аз кор мондани корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бо вуҷуди баҳрабардорӣ аз корхонаҳо ва коргоҳҳои ҷадид теъдоде аз инҳо пас аз муддате аз кор меуфтанд, зеро бештари мудирони ин корхонаҳо афроди ғайриҳирфае ҳастанд ва аз ниёзи бозори дохилӣ ва хориҷии фурӯши маҳсулот маълумот надоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular