Ёдовар мешавем, ки хариду фурӯши тақситӣ намуди савдое аст, ки дар он харидор колоро ба даст мегирад, аммо маблағи колоро қисм-қисм дар муддати муайяне ба фурӯшанда медиҳад. Ин намуди тиҷорат дар шариат ва дар назди тамоми уламо аз ҷумла Имом Абуҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ ҷоиз мебошад ва далелҳояшро дар пештар зикр карда будем.
Дар хариду фурӯшӣ тақситӣ ҳангоми аҳднома фурӯшанда ва харидор бо ҳам оиди нархи харид ва ин маблағ дар тули чанд муддат бояд дода шавад, иттифоқ мекунанд. Бо ҳамин колоро харидор бо худ мебарад, фурӯшанда бошад дар муддати муайян бояд маблағи колоашро ба даст орад.
Фурӯшанда мегӯяд, ин колои даҳ ҳазор нарх доштаро ман ба ту ба понздаҳ ҳазор мефурӯшам, ту бошӣ, он понздаҳ ҳазорро дар муддати як сол ба ман қисм-қисм медиҳӣ. Харидор розӣ мешавад, бо ҳамин ақди тиҷорат байни онҳо баста мешавад ва ҳеҷ кадоме беиҷозаи дигар ҳақ надорад ин паймонро бишканад.
Аммо, дар паспардаи хариду фурӯшӣ тақситӣ, ки дар Русия рассрочка ном мебаранд, баъзе намуди тиҷоратҳое, аст, ки ба хариду фуруши тақситӣ шабоҳат дорад, аммо дар асл рибо аст ва албатта ҳаром мебошад.
Фурӯшанда ҳангоми колоро ба дасти харидор додан, ба харидор чунин мегӯяд: “Ман ин колоро ба ту медиҳам, маблағи ин колоро ту бояд дар муддати як сол ба ман медиҳӣ. Тули як сол ҳар моҳ бояд ба ман қисми муаянеро пардохт кунӣ. Агар мабодо дар муддати як сол пардохт карда натавонӣ ва ё дар пардохти маблағи ҳар моҳа дер кунӣ, маблағи коло бист дар сад меафзояд ва ту аз нархе, ки бо ҳам иттифоқ кардем, ба ман бист дар сад зиёдтар пардохт мекунӣ”.
Ин намуд шарт дар тиҷорати тақситӣ ҷоиз нест ва ба иттифоқи тамоми уламо рибо ё худ протсент мебошад.
Ҳар тиҷорате, ки дар он фурӯшанда шарт мегузорад, ки барои дер кардани пардохти маблағ, нархи маблағ боло меравад, он рибо аст ва дар шариат ҳаром мебошад.
Дар Русия тиҷорате аст, бо номи Лизинг, ки асосан дар фурӯши мошинҳои сабукрав кор бурда мешавад. Дар шартнома гуфта мешавад, ки мошинро ба дасти харидор медиҳанд, маблағи мошинро харидор дар муддати панҷ сол қисм-қисм пардохт мекунад ва ҳар моҳ ҳатман қисми муайяни маблағ пардохт карда шавад. Агар мабодо харидор пас аз гузаштани панҷ моҳ дар пардохти маблағ кутоҳӣ кунад ва ё дер кунад нархи мошин бист дар сад меафзояд ва харидор бояд маблағи мошини харидаашро бист дар сад зиёдтар пардохт кунад. Албатта ин намуди тиҷорат хариду фурӯшӣ тақситӣ неву як намуди рибо ё худ судхурии ҳаром карда шуда мебошад.
Дар тиҷорати тақситӣ, агар харидор мабодо дар пардохти қисми коло дер кунад, нархи коло аз нархи иттифоқ шуда асло намеафзояд, чӣ гунае, ки буд, боқӣ мемонад.
Аммо баъзан харидор дар аҳдаш намеистад, дар муддати як сол маблағи колоро пардохт мекунам мегӯяд, аммо пардохт намекунад. Дар ин ҳолат фурӯшанда зарар мебинад, зеро ӯ дар вақти аҳднома колоро ба дасти харидор медиҳад ва маблағи онро баъдтар мегирад, агар маблағ ба дасташ нарасид, албатта зиён мебинад.
Барои пешгирӣ аз фиребхӯрдани фурӯшанда шариат якчанд чораҳо дидааст:
- Васиқа ва ё баёнот. Дар тиҷорати тақситӣ ҳангоми колоро ба дасти фурӯшанда додан, харидор бояд васиқае бинависад, ки ӯ дар аҳди худ қоим мемонад, мабодо аҳдшиканӣ карду маблағи колои харидаашро напардохт ва ё аз муддати муайян шуда дер кард, харидор метавонад ӯро ба воситаи суд ҷарима кунад ва ҳаққашро ситонад ва ё ба яке дороиҳояш соҳиб гардад;
- Гаравгирӣ барои пешгирӣ аз хасорат. Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадаст, ки модарамон Оиша мегӯянд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аз яҳудие таом харида буданд ва маблағи он таомро надода, ба ҷояш ҷавшани худро, ҳамчун гарав дар назди яҳудӣ гузошта буданд, Паёмбар аз дунё рафтанду он ҷавшанашон дар назди яҳудӣ, ҳамчун гарав боқӣ монда буд.
Гарав додан ба ҷои маблағ ҳам дар тиҷоратҳо, ҳам дар қарзҳо дар шариат ҷоиз мебошад.
Дар хариду фурӯши тақситӣ фурӯшанда метавонад барои пешгирӣ аз фиреб ва мабодо маблағро напардохта нопадид шудани харидор, дар вақти ақди савдо аз харидор чизеро гарав гирад. Мабодо харидор аз муддати муайян дер кунад ва ё нопадид гардад, фурӯшанда он чизи гарав гирифтаашро мефурӯшад ва маблағи колоро аз он мегирад. Дар ин вақт харидор, агар маблағро пардохт карда натавонад, аз ашёе, ки дар назди фурӯшанда, ҳамчун гарав гузошта буд, маҳрум мегардад.
Аммо, бояд фурӯшанда эҳтиёт кунад то аз маблағи гарав сӯистифода накунад. Дар вақти гаравро фурӯхтан ҳатман нархи колои фурӯхтаашро гирад, на аз он зиёдттар. Агар мабодо қимати коло аз нархи гарави фурухта арзонтар бошад, бақияи маблағро ба дасти харидор бидиҳад.
Баъзан ҳангоми тиҷорати тақситӣ фурӯшандаву харидор бо ҳам шартнома мебанданд, мувофиқи он шартнома, агар дар муддати муайян карда шуда маблағи коло пардохт нагардад, фурӯшанда яке аз дороиҳои харидорро соҳиб мегардад, оиди ин масъала баъдтар дида мебароем.
Ҷавоб ба саволҳои шунавандагон оиди баъзе масъалаҳои тиҷорати тақситӣ:
- Агар бо усули тақсит бо истилоҳ “рассрочка”, чизе харида шуд, сипас то поёни муддати пардохти маблағ, харидор мабодо аз қавлаш гардад ва гӯяд, ман наметавонам боқимондаи қисмҳои маблағро пардохт кунам ва мехоҳам колоро ба фурӯшанда бозпас гардонам ва маблағҳои то ҳол додаамро баргардонам, фурӯшанда асло розӣ намешавад ва маблағи то ҳол гирифтаашро барнамегардонад ва колоро низ боз пас намегирад, балки харидорро ҷарима мебандад ва маҷбур месозад то тамоми маблағро пардохт кунад. Оё ин намуди хариду фурӯши тақситӣ ҷоиз аст?
Ба ин савол доктор Ҳусни Фатҳӣ, мутахассиси соҳаи фиқҳи муосир ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳусни Фатҳӣ, доктори соҳаи фиқҳи муосир:
“Хариду фурӯши тақситӣ чӣ гунае, ки гуфта будем, тиҷорати ҳалол мебошад ва шариати ислом иҷозат додааст, маблағи коло дертар пардохт карда шавад, агарчӣ қисм-қисм дода шавад ҳам.
Вақте тиҷорати тақситӣ дар вақти муайян ва қисиҳои муайян пардохт мешавад, тамоми шартҳо ва рукнҳои тиҷорат дар ҷояш аст ва ҳатман бояд ин савдо амалӣ гардад. Натиҷаи ин тиҷорат ин аст, ки бо баста шудани ақд, коло аз фурӯшанда ба моликияти харидор интиқол меёбад ва бо муҷарради баста шудани ақд, фурӯшанда асло ҳақ надорад, колои фурӯхтаашро бозпас гирад, пас аз додани коло фурӯшанда танҳо ба маблағи коло ҳақ дорад, ки он маблағ дар муддати муайян қисм-қисм ба дасташ меояд.
Инчунин аз рӯи шариат ба харидор низ ҷоиз нест, пас аз муддате ба фурӯшанда бигӯяд, ки ман боқимондаи маблағи колоро пардохт карда наметавонам, мехоҳам колоро баргардонам ва маблағҳои то ҳол додаамро бозпас гирам. Барои он, ки ҳангоми ақди тиҷорат ӯ молики коло гашт ва ҳақ надорад ба соҳиби пештара баргардонад.
Ба ҷои ин фурӯшанда метавонад, колои дар дасташ бударо ба шахси дигар бифурӯшад ва он маблағро ба фурӯшандаи аввал бидиҳад. Ин роҳ осонтар аст, ва як навъи тиҷорат аст. Аммо ман бақияи маблағро наметавонам гӯён колоро ба фурӯшанда баргардонидан дар шариат ҷоиз нест. Ва фурӯшанда метавонад барои ин аҳдшиканӣ харидорро ба воситаи суд ҷарима бандад”.
Муслимаи Аҳмадӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

