Нашрияи парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки хизмати ҳарбӣ дар кишвар яксола шавад, то ҷавонон ба артиш дилгарм шаванд ва “дедовшина” хотима ёбад
Ин пешниҳод дар ҳоле дар як рӯзномаи расмӣ нашр мешавад, ки ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мақомот ба мушкили фаровон дучор мешаванд. Аз ҷумла мақомот даст ба ҷалби ҷавонон бо зӯрӣ аз кӯчаю хиёбонҳо мезананд, ки дар миёни мардум ба вожаи “облава” маъруф аст.
Бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, аммо теъдоди онҳо кам буда, аксаран рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд ва ё ба донишгоҳу донишкадаҳои рӯзона паноҳ мебаранд. Аминиён, муаллифи матлаби “Чаро то ба ҳол аксар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дилгарм нестанд?, ки дар шумораи ахири “Садои мардум” ба нашр расидааст, мегӯяд:
“Ҳоло дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар соҳаи мудофиа аз баҳри хизмати дусола баромада, муҳлати онро кам кардаанд. Масалан, дар Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон муҳлати хизмат як сол, Беларус, Украина 18 моҳ ва Озарбойҷон 17 моҳ аст. Дар Юнон муҳлати хизмати аскарӣ 8 — 12 моҳ, Эстония 8 — 11 моҳ, Финландия аз 6 то 12 моҳ, Швейтсария аз 18 то 21 ҳафта ва Дания 4 моҳ мебошад. Ҷавонони турк агар маълумоти олӣ надошта бошанд, ҳамчун сарбози қаторӣ 12 моҳ хизмат мекунанд. Ба онҳое, ки ҳадди ақал 4 сол дар мактаби олӣ таҳсил кардаанд (бакалаврҳо), пешниҳод мешавад, ки 12 моҳ ҳамчун афсар ё 6 моҳ ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат намоянд” – менависад муаллиф.
Вай дар такя ба таҷрибаи кишварҳои дигар мегӯяд, барои соҳиб шудан ба як малакаи ҷангӣ барои сарбози қаторӣ аз 4 то 12 моҳ кифоя аст, чун се моҳ тирпарронӣ аз силоҳи сабук, ҳаво додани норинҷак, истифодаи норинҷакандоз (гранатомёт)-ро омӯзад. С. Аминиён меафзояд, барои идора кардани тонку мошинҳои зиреҳпӯш (БМП, БТР), тӯп, миномёт ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ 8 — 12 моҳ кифоят мекунад.
“Облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон дар Тоҷикистон ба дараҷае доғ шуд, ки иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои вазири дифоъи ин кишварро тақозо карданд. Аз сӯи дигар, таваҷҷӯҳи расонаҳои давлатӣ ба ин мушкил баёнгари он аст, ки ин мушкилро на фақат расонаҳои мустақил, балки ҳукуматӣ низ бармало дарк кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

