Мутахассисони Созмони байналмилалии «International SOS» барои сайёҳоне, ки соли 2020 нияти сафар доранд, харитаи махсуси интерактивӣ сохтаанд. Ин харита сайёҳонро аз эҳтимоли пайдо гаштани хатарҳои ногаҳонӣ ҳангоми сафар ба хориҷа дар соли 2020 огоҳ мекунад. Ба гуфтаи рӯзномаи Daily Mail, ба воситаи чунин харита сайёҳон метавонанд дарк намоянд, ки ҳангоми сафар ба баъзе давлатҳо кадом мушкилот ва чӣ гуна хатарро метавонанд интизор бошанд.
Вазъи амният, масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарии роҳ чун меъёрҳои асосӣ номбар шудаанд. Коршиносон Либиё ва Сомалиро аз ҷиҳати хатарнокӣ ба Афғонистон ва Венесуэла шабеҳ дода, мавҷудияти хавфҳои номбаршударо дар онҳо баробар медонанд. Кишварҳои Скандинавия, аз ҷумла Норвегия, Финляндия, Исландия ва Шветсия маконҳои амнтарин барои сайёҳӣ дониста шудаанд.
Ҳамчунин кишварҳое мавҷуданд, ки дар онҳо хатари гирифтор шудан ба бемориҳои гуногун ҷой дорад. Мамлакатҳои Африқо, аз ҷумла Нигерия, Либерия, Гвинея, Серра-Леоне, Судони Ҷанубӣ, Эритрея ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (КАР) ба ин рӯйхат шомил мешаванд. Дар баробари ин, сайёҳон огоҳ карда шудаанд, ки кишварҳои Яман, Сурия ва Кореяи Шимолӣ аз ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи паст қарор доранд.
Айни замон кишварҳои Аврупо, инчунин Канада, ИМА, Зеландияи Нав, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония аз нуқтаи назари тиббӣ намунавӣ мебошанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

