Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМусовии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Мусовии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Мунтахаби футболбозони Тоҷикистон бозии шашуми худро бо тими Қирғизистон мусовӣ 1 бар 1 анҷом доданд ва дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “F” ҷой гирифтанд

Дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Голи тими Тоҷикистонро  Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 83-юм футболбоз аз дастаи Қирғизистон  Козубаев ҳисобро баробар кард.

Ҳамин тавр рақобати мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт.

Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular