Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетСММ: Хароҷоти солонаи соҳаи иҷтимоӣ дар ҷаҳонро бояд беш аз 500 млрд....

СММ: Хароҷоти солонаи соҳаи иҷтимоӣ дар ҷаҳонро бояд беш аз 500 млрд. доллар афзуд

Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расидааст, ки хароҷот ба соҳаи иҷтимоиро дар ҷаҳон беш аз 500 млрд. доллар дар як сол  бояд афзуд, то фарогирии сартосарии ҳифзи заминавии иҷтиомиро таъмин карда шавад.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии меҳнат, ки хабаргузории ТАСС нашр кардааст, дар навбати аввал сари кумакпулиҳо ба кӯдакон, ёрӣ ба модарони дорои тифли навзод, нафақаҳо барои маъюбон ва калонсолон сухан меравад.

Коршиносони Созмони Милали Мутаҳид вазъро дар 134 кишвар ба риштаи таҳлил кашида, аз рӯйи натиҷаҳои он муайян кардаанд, ки ҳамагӣ 8,5 дар сад кӯдакон ба таври кофӣ бо ҳифзи иҷтимоии зарурӣ таъмин ҳастанду тамом.

Дар кишварҳои даромадашон паст танҳо 15,3 дар сад одамони синни калонсол, дар давлатҳои даромадашон миёна ва баланд мутаносибан 35 дар сад ва 90 дар сад нафақа мегиранд.

Маблағгузорӣ ба афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ тавассути боло бурдани андозҳо, тавсеаи кумаки байналмилалӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?