Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлагарон ба дидбонгоҳи Ишқобод “9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ”будаанд

Ҳамлагарон ба дидбонгоҳи Ишқобод “9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ”будаанд

Дар ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, ки санаи 6-уми ноябр рух дод,  9 мард, 11 зан ва 13 ноболиғ иштирок кардаанд

Дар ин бора, Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба вазъи занон рӯзи 26-уми ноябр дар Душанбе, ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи “Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ” хабар дод.  Вале нагуфт, ки ноболиғон дар ин ҳамла чӣ масъулият доштаанд. Ҳамин тавр, ин хабар бо изҳороти аввали мақомот, ки гуфтанд, ҳамлаварон бист нафар буданд, фарқ мекунад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои ба даст овардаи яке аз ҳамлаварон 15-сола буда, дар синфи ҳашт мехондааст ва аз мудири мактаб бо баҳонаи дидорбинии наздиконаш дар минтақаи дигари Тоҷикистон рухсат гирифтааст. Ин наврас ҳаргиз дар хориҷа набудааст.

Муҳаммад Саидов, иқрор шудааст, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ин ҳодиса хунукназарии мақомоти амният будааст. Аммо ба гуфти ӯ афроди ҳамлагар фаъолияти худро дар Суғд ба роҳ монда, як моҳ дар хонае дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ зистаанд. Раиси маҳалла онҳоро дидааст, нозири минтақавӣ дидааст, вале бетаваҷҷуҳӣ кардаанд.

Ба гуфти Саидов  бисёриҳо сабаби ифротишавии сокинонро камбизоатӣ унвон мекунанд, “вале тафтиш  нишон додааст, ки дороии роҳбари гуруҳи ҳамлаварон Ғафуров Шуҳрат Аъзамович беш аз 1 миллион сомонӣ будааст.

Азия плюс менависад, бо гузашти бист рӯз аз ҳодиса мақомот тафсилоти ҳодисаро дар ихтиёри хабарнигорону ҷомеа нагузоштаанд. Хабарҳо дар бораи ҳодиса аз манобеи гуногун пароканда ба даст меояд ва фарзияҳое матраҳ мешаванд, ки хабари расмиро зери суол мегузоранд.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular